Сипосгузории Э.Раҳмон ба иштирокдорони Иҷлосияи XVI-ум
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Дар маросими тантанавии таҷлил аз 20-умин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз вазъи мураккаби сиёсии замони кашмакашиҳои дохилӣ дар кишвар, ҳисси тарсу ҳароси мардум ва нобоварии эшон аз фардои меҳан ёдовар шуда, иброз дошт: «Маҳз ба шарофати ин иҷлосия мо дар кутоҳтарин муҳлат тавонистем, ки сохти конститутсиониро барқарор намуда, фаъолияти ниҳодҳои пурра фалаҷшудаи давлатдориро аз нав ба роҳ монем. Дар ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои сохтори мукаммали идорӣ, Ҳукумати фаъол, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ гардид». Маврид ба зикр аст, ки маҳз дар ҳамин иҷлосия як силсила тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунандаи Тоҷикистон ворид карда шуданд, ки аз як тараф мутобиқ ба талаботи замони нав буда, аз сӯи дигар барои таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузоштанд. Сарвари давлат самараҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии кишварро натиҷаи якдигарфаҳмӣ, дарки баланди зарурати ваҳдат ва якпорчагии миллӣ аз ҷониби аҳолӣ, махсусан вакилон унвон кард ва гуфт: «Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки дар ягон иҷлосияи дигар вакилони мардумӣ мисли иҷлосияи шонздаҳум муттаҳид ва фаъол набуданд. Бинобар ин, бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам ба ҳамаи ширкаткунандагони иҷлосия ва шахсоне, ки барои баргузор гардидани он кӯшиш ба харҷ додаанд, миннатдории худро баён намоям». Бояд гуфт, ки дар марҳалаи баъдӣ Иҷлосияи 16-ум халқи тоҷикро ба шоҳроҳи ваҳдати миллӣ ҳидоят намуда, ба рушду такомули он такони ҷиддӣ бахшид.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






