Таҷлили 20 – солагии Иҷлосияи ХУ1 дар филиали ДДМ
Душанбе, 16 ноябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 15 ноябр дар намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.Ломоносов воқеъ дар шаҳри Душанбе конфронси сеюми байналмилалии илмии донишҷӯён бахшида ба 20 – солагии Иҷлосияи ХУ1 таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кораш шурӯъ намуд. Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи конфронс директори намояндагии Донишгоҳи давлатии Маскав Ҳайдар Одинаев, намояндагони Сафорати Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, Вазорати маориф ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карданд.Тавре ки Ҳайдар Одинаев зикр намуд, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба осонӣ ба даст наомадааст. Бо таъсири қувваҳои душманонаи дохилию хориҷӣ Ватани мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуда буд, ки он зарари бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, ҷамъиятӣ ва маънавӣ расонида, пояҳои давлатдориро суст намуд. Аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХУ1 дар он аст, ки вай дар ҷомеа мақоми бузургро касб намуда, пояи принсипҳои стратегии ба даст овардани сулҳу субот, рушди маорифу илми ҷумҳуриро гузошт. Иҷлосия ҳамчунин самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистонро муайян кард.Имрӯз, 16 ноябр, конфронс корашро анҷом медиҳад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






