Теъдоди муштариёни кортҳои пластикӣ меафзояд
Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). –Дар кишвар истифодаи кортҳои дохилӣ нисбат ба соли 2011 94 фоиз афзудааст. То 1-уми ноябри соли 2012 дар Тоҷикистон ва берун аз он маблағи 5 536 ҳазор кортҳои пардохтӣ 2 398,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта мувофиқан 67 фоиз ва аз рӯи миқдори амалиёт 60,1 фоизро дар бар мегирад. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, муштариёни «Амонатбонк» — 41, «Тоҷиксодиротбонк» — 29, «Агроинвестбонк» — 18, «Ориёнбонк» — 5, «Эсхата» — 4 ва дигар бонку ташкилотҳои молӣ 4 дарсад амалиёти бонкии худро аз тариқи кортҳои пластикӣ анҷом додаанд.Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон 9 ташкилоти қарзӣ ба барориши кортҳои пардохтӣ машғул мебошанд. Теъдоди муштариёне, ки аз кортҳои пардохтӣ истифода мекунанд, тайи як соли охир ҳудуди 80 дарсад афзудааст. Ёдовар бояд шуд , ки низоми пардохти кортӣ аввалин маротиба дар Тоҷикистон аз соли 2008 бо ташаббуси «Агроинвестбонк» мавриди истифода қарор гирифтааст.








ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид






