Вуруди 33 миллион доллар тавассути Қулма

Ноябрь 26, 2012 16:29

Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). – Додугирифти молу маҳсулот тавассути гузаргоҳи Қулма ба 33 миллион доллар расидааст.  Ҳарчанд, ки ҳаво сард шудааст, вале воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистон тавассути ин гузаргоҳ коҳиш наёфтааст ва то боришоти барф ва басташавии ағбаҳои душворгузар гузаргоҳи Қулма фаъолият мекунад.Тавре ки иттилоъ доданд, дар давоми соли ҷорӣ бештар аз 3,5 ҳазор мошинҳои сабукрав ва борбар гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Чинро убур карда, дар қиёс ба соли гузашта ба маблағи як миллион доллар моли зиёдтар ворид кардаанд. Ҳамчунин барои соҳибкорон имконият дода шудааст, ки дар кадом минтақае, ки хоҳанд, дар нуқтаҳои гумрукӣ борашонро ба расмият дароранд. Аз ҷумла, 30 дарсади моли воридотӣ дар нуқтаҳои гумруки ВМКБ ба расмияти гумрукӣ дароварда шудааст.

Ноябрь 26, 2012 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд