Ҷаласаи навбатии Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 6, 2012 16:25

Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар»). – 5 декабр дар бинои Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи иҷроия баргузор гардида, дар ҷараёни он натиҷаи соли ҷорӣ ҷамъбаст ва дурнамои соли 2013 баррасӣ шуд. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни сарсуханаш аъзои Кумитаи иҷроияро бо анҷоми мавсим муборакбод намуда, ба ҳозирон барои фаъолияти самарабахшашон изҳори миннатдорӣ кард. Ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Валерий Турсунов зикр намуд, ки Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё дар мусобиқот барои дарёфти ҷоми Конфедератсия иштирок намудани ду клуби кишвар — «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб ва «Регар – ТадАЗ» — и шаҳри Турсунзодаро тасдиқ намуд.Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни суханрониаш як қатор ҷиҳатҳои манфии доварони мусобиқотро қайд намуд. Мувофиқи суханони ӯ, Федератсияи футболи Тоҷикистон аз соли оянда ба бозиҳои алоҳидаи ҷиддии мусобиқот (масалан, «Равшан» — «Истиқлол», «Регар – ТадАз» ё «Регар – ТадАз» — «Равшан»), аз ҷумла ба бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми кишвар бо ризоияти худи дастаҳо доварҳои хориҷиро даъват менамояд. Узви Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, президенти клуби «Регар – ТадАЗ» Шариф Назаров ин ташаббуси Рустами Эмомалиро дастгирӣ намуд. Дар ҷаласа ҳамчунин масоили додани иҷозатномаҳо ба клубҳои футболи кишвар, қоидаи сабти футболбозони хориҷӣ, муоинаи тиббии иштирокдорони мусобиқот, ташкили курсҳо ва семинарҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон барои такмили ихтисоси мураббиҳо ва доварҳои ҷумҳурӣ дар соли 2013 ва масъалаҳои дигар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Декабрь 6, 2012 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!