15 иншоот ба истифода дода шуд
Хоруғ, 28 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Деҳоти ноҳияи Шуғнон, бахусус маркази он шаҳраки Ваҳдат соли 2012 ба майдони ҳақиқии бинокорӣ табдил ёфт. Дар шаҳраки Ваҳдат соли сипаригардида бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон биноҳои замонавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, филиалҳои «Амонатбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» мавриди истифода қарор гирифтанд. — Дар маҷмуъ,- мегӯяд мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят Ҳайдар Гулмамадов, — дар қаламрави ноҳия соли гузашта 15 иншооти муҳиме, ки аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ доранд, ба истифода дода шуданд. Ҳоло боз сохтмони зиёда 30 аз иншоот дар деҳоти ноҳия идома дорад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба сохтмони иншооти обрасонӣ аҳамияти хосса медиҳад. Дар деҳаҳои Шиитам, Вибист, Миденшор, Дирёмҷ, Даштак хатҳои обгузар ба истифода дода шуданд.Дар маҷмуъ барои бунёди 46 иншоот аз буҷаи давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо 58281 ҳазор сомонӣ равона гардид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






