Фарҳанги замони навро омода месозем

Декабрь 26, 2012 16:52

Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода). – Дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода 26 декабри соли равон ҷаласаи ҳисоботии донишкада ва барномаи консерти ҳисоботии он дар соли 2012 бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Дар чорабинӣ ректори ДДСТ Аслиддин Низомов оид ба фаъолияти таълимӣ,илмию методӣ, эҷодӣ, тарбиявӣ ва молиявии донишкада дар давоми соли 2012 сухан ронда, қайд намуд,ки тибқи талабот ба роҳ мондани ташкил ва баргузории консертҳои академӣ ба баланд бардоштани сифати таълим ва маҳорати иҷрокунандаҳо таъсири мусбат мерасонад. Ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо низ баланд бардоштани таълиму фарҳанги насли наврас ва ба замони муосир мутобиқ намудани шавқу завқи он мебошад. Ба ин восита метавон фарҳанги замони навро дар мафкураи ҷавонон ҷой дод.

Декабрь 26, 2012 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад