Муҳокимаи масъалаи ҳамкорӣ дар сарҳад

Декабрь 14, 2012 16:23

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Чанде пеш гурӯҳҳои корӣ аз ҷумлаи намояндагони ҳокимиятҳои маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ба манзури табодули таҷриба барои беҳдошти ҳамкории байни иттиҳодияҳои ҳар ду ҷониб дар бахши сарҳадот мулоқот анҷом доданд.Намояндагони ҳокимияти маҳаллии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Боткени Қирғизистон натиҷаи татбиқи дурнамои ҳамкорӣ дар соли 2012 – ро мавриди муҳокима қарор дода, нақшаи кори минбаъда барои беҳдошти ҳамкорӣ дар сарҳадро тасдиқ намуданд. Гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон дар тренинги беҳдошти ҳамкории байни сохторҳои наздисарҳадӣ дар шаҳри Исфара иштирок карданд.Дар назар аст, ки тадбирҳои зикршуда ба рушди ҳамкории байни иттиҳодияҳои маҳаллии Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат хоҳад кард.Вазифаҳои барномаи мазкур иборат аз таҳкими амнияти Осиёи Марказӣ ва дастгирии тиҷорату транзити қонунӣ, ҳамчунин ҷилавгирии сарҳадҳои кишварҳои Осиёи Марказиро хилофи қонун убур кардани одамон мебошад. Дар ин бора аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Декабрь 14, 2012 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад