Навгонии техникӣ-омили пешрафти истеҳсолот

Декабрь 14, 2012 15:32

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» санҷиши техника, механизм ва мошинҳо сурат гирифт. Мақсади асосии санҷиши навбатӣ бори дигар дидани омодагии фурудгоҳ ба фасли зимистон ва ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Тавре ки маълум аст, фаъол нигоҳ доштани фурудгоҳ дар фасли зимистон техникаи коршоям ва маҳорату кордонии мутахассисонро тақозо менамояд. Сараввал тамоми техника, таҷҳизот, мошин ва механизмҳои хадамоти хизматрасонии рӯизаминӣ мавриди санҷиш қарор гирифта, ҳолати омодабошии ҳайати корӣ санҷида шуд. Мошинҳои барфрўб, мошинҳои шустушўи ҳавопаймоҳо, ядакҳо, таҷҳизоти махсуси борбардор ва борфарор, мошинҳои оташнишонӣ, техникаи хизматрасонии перронӣ, аз ҷумла зинаҳои худкор, автобусҳо, тасмаҳои муҳаррик, мошинолоти махсуси хизматрасон низ аз санҷиш гузаштанд.Кормандон, мутахассисон ва ҳайати корӣ дар давраҳои муайян аз курсҳои махсуси бозомўзӣ гузашта, идораи техника, хусусан мошин, механизм ва таҷҳизоти навро омўхтаанд. Сардори хадамоти хизматрасониҳои рўизаминӣ Ноёбшо Мизробов гуфт, ки тайи чаҳор соли охир парки техникии фурудгоҳ пурра нав карда шуда, тарзи истифодаи аксари техникаҳое, ки тоза харид шудаанд, ба кормандон омўзонида шуд. Баъди санҷиш роҳбарияти фурудгоҳ ба омодагии хадамоти хизматрасониҳои рўизаминӣ, дастаи сўхторнишонӣ ва фаъолияти хадамоти аэродром баҳои баланд дод. Таъкид гардид, ки барои шустушўи ҳавопаймоҳо моеи махсуси зидди яхбандӣ ва барои тоза намудани хати нишасту парвоз ва роҳравҳои зимомӣ ба қадри зарурӣ маводи кимиёии зидди лағжиш захира шудааст.

Декабрь 14, 2012 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад