НБО Норак 40 – сола шуд
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш дар шаҳри Норак ба ифтихори 40 – солагии Рӯзи рӯи кор омадани калонтарин нафақат дар Тоҷикистон, балки дар Осиёи Марказӣ — нерӯгоҳи барқи обии Норак маҷлиси ботантана барпо гардид. Дар маҷлиси ботантана раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Абдулло Ёров, раиси шаҳри Норак Ҳамид Абдуллоев, директори НБО Норак Фазлиддин Шоҳиддинов, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон Хуррамбӣ Восиева, ҳамчунин намояндагони Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ва кормандони пешқадами Норак иштирок доштанд.Баъди суханҳои табрикотӣ кормандони пешқадами нерӯгоҳи Норак бо Унвони фахрии «Энергетики шоистаи Тоҷикистон» қадр гардида, ба бархе кормандони он Ифтихорномаҳои Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, ШСХК «Барқи тоҷик» ва мукофотҳои қимматбаҳои Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон қадр карда шуданд.Хотирнишон месозем, ки агрегати якуми НБО «Норак» 14 ноябри соли 1972 ба ҳаракат дароварда шуда буд. Дар бунёди ин иншооти нодир беш аз 200 пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмӣ ва корхонаҳо иштирок доштанд. Баландии сарбанди нерӯгоҳ 300 метрро ташгкил медиҳад. Бо супориши Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 таҷдиди НБО Норак оғоз ёфта ва то имрӯз давом дорад. Анҷоми ин кор имкон медиҳад, ки иқтидорҳои истеҳсолии НБО Норак хеле афзун карда шаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






