Таҷдиди назар ба манбаъҳои обӣ

Декабрь 24, 2012 14:36

Душанбе, 24 декабр. ( АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Тоҷикистон кишвари дорои сарватҳои нодир мебошад. Бахусус захираҳои обии он зиёд буда, дар натиҷаи истифодаи самараноки чунин неъмати Худодод тараққиёти мамлакат беҳтар мегардад. Тавре ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронӣ таъкид кард: «Қиммати об аз қиммати нафт, газ, ангишт ва дигар намудҳои сўзишворӣ ва манбаъҳои энергетикӣ кам нест». Оё мо ин муъҷизаи бебаҳоро мувофиқи мақсад истифода мебарем? Захираҳои обии ҷоришавандаи Тоҷикистон ба ҳисоби миёнаи солона 64 млрд м3-ро ташкил медиҳад, ки он 55,4 фоизи обҳои Осиёи Марказиро дар бар мегирад. Тибқи маълумот Тоҷикистон аз оби дар ҳудуди худ ташаккулёбанда тахминан 20 фоиз ва аз 115,6 млрд м3 оби дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ташаккулёбанда танҳо 13,6 млрд.м3, ё 11,8 фоизи онро истифода мекунаду халос. Боқӣ тибқи тақсимоти захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон 5,0 млрд м3 (4,3%), Туркманистон 24,5 млрд м3 (21,2%), Ўзбакистон 59,5 млрд м3 (51,5%), Қазоқистон 11,0 млрд м3 (9,5%) ва Афғонистон 2,0 млрд м3 (1,7%) рост меояд. Гарчанде 55,4 %-и захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал аз Тоҷикистон сарчашма гирад ҳам, танҳо 20%-и он дар ҷумҳурӣ мавриди истифода қарор мегирад. Тавре ки аз рақамҳо бармеояд, Ўзбакистон ва Туркманистон (72,7%) истифодабарандагони асосии захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба ҳисоб мераванд. Кумита ҳамчун мақомоти ваколатдори назорати давлатӣ дар бобати истифода ва ҳифзи захираҳои об тибқи қонунгузориҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ ва сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳад, ки захираҳои об аз ифлосиву олудашавӣ пешгирӣ гардида, самаранок истифода шаванд. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи нозирони Кумита 3285 санҷиш гузаронида шуда, ба вайронкунандагони Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи муҳити зист” ва Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 240878 сомонӣ ҷарима баста шуд. Дар ин давра ба сабаби истифодаи худсаронаи захираҳои об хоҷагии оби кишвар ба маблағи 19931358 сомонӣ зарар дид.Соли 2012 аз тарафи Кумита меъёри истифодаи об аз манбаъҳои табиӣ барои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати обёрии заминҳои кишоварзӣ тасдиқ шуд, ки ҳаҷми он 10705 млн м3 — ро ташкил медиҳад.

Декабрь 24, 2012 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд