Татбиқи грантҳои президентӣ
Душанбе, 24 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Интизор меравад, ки бо татбиқи грантҳои президентӣ дар зарфи панҷ соли оянда беш аз 21 ҳазор занон бо ҷойи кор дар кишвар таъмин хоҳанд шуд. Матлаби мазкур зимни машварати ҷамъбастии маҳфили мубоҳисавии занон, ки дар Душанбе бо иштироки вакилзанони палатаи поёнии парлумони мамлакат ва намояндагони шаҳру ноҳияҳои кишвар доир гардид, зикр шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар натиҷаи татбиқи грантҳои президентӣ дар зарфи соли 2011 –ум 3300 нафар зан бо ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ фаро гирифта шуда, маърифати ҳуқуқӣ ва соҳибкорию корофарии қариб 19 ҳазор нафар зан дар ин муддат баланд бардошта шуд. Иштирокдорони машварат доир ба сиёсати ҳукумат ва парлумони мамлакат ҷиҳати ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб намудани занон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии бонувони кишвар ва масоили марбут ба ҳалли мушкилоте, ки дар ҳаёти занону духтарон мавҷуданд, табодули назар карданд. Зикр шуд, ки ҳалли масоили марбут ба мушкилоти занон иштироки фаъолона ва муштараки мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд. Дар ҷаласа муовини раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Назира Ғаффорова доир ба саҳми вакилони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати эҷоди фазои мусоиди қонунӣ барои фароҳам овардани шароити беҳтар ба занону духтарон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои онҳо ибрози назар кард. Мавриди зикр аст, ки дар ин росто чанде пеш вакилзанони Маҷлиси намояндагон бо бонувони шаҳру ноҳияҳои Қўрғонтеппа, Хуҷанд, Кўлоб, Мастчоҳ, Рўдакӣ, Шаҳринав, Тоҷикобод ва Ховалинг доир ба масъалаҳои оиладорӣ, хусусан ҷилавгирии ҷудошавии оилаҳо ва хушунати хонаводагӣ, таъмини занон бо ҷойи кор, ба духтарон омўзонидани касб, тарбияю таълими фарзандон, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва соири масъалаҳои марбут ба ҳаёти занону духтарон суҳбат доштанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад






