Истеъмолгари асосии нерӯи барқ ҳамоно Душанбест

Январь 31, 2013 15:28

Душанбе, 31 январ. (АМИТ Ховар, Кристина Эрлих).- Зимни нишасти матбуотӣ раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Абдулло Ёров дар мавриди истифодаи нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ ва меъёри он назарашро чунин баён кард: «Низоми энергетикии Тоҷикистон дар айни замон бо меъёри муътадили самаранок, метавон гуфт, бо меъёри дуруст фаъолият дорад. Барои он ки ба вазъияти фавқулодда наафтем, қатъи ногаҳонӣ ва саросарии барқ дар ноҳияҳою шаҳрҳо ба амал наояд, мо мехоҳем бо низоми муайян аз меъёри тирамоҳию зимистона ба низоми тобистона гузарем. Вале гуфтан душвор аст, ки ба ин инҷиқиҳои табиат имкон медиҳанд ё не».А. Ёров инчунин вобаста ба ин масъала иброз намуд, ки: «Бароятон як мисол меорам. Соли 2010-ум мо 18 март меъёри маҳдудкунии барқро бардоштем, ки ин бисёр ҳодисаи нодир аст. Он вақт ҳатто Президенти кишвар зимни суханронии худ зикр кард, ки то ҷашни Наврӯз маҳдудкунии барқ бардошта мешавад. Соли 2011 меъёри истифодаи барқ 17 апрел ва соли гузашта маҳдудкунӣ 1 апрел бардошта шуд. Се мисоли мушаххаси ҷоришавии об дар дарёи Вахш-18 март, 17 апрел ва 1 апрелро бароятон овардам, то худ хулоса бароред. Солҳое буданд, ки албатта, ба тариқи истисно, меъёри оби зарурӣ танҳо то 1 май ҷамъ мешуд, вале муҳлати миёнаи воридшавии обе, ки истеъмолкунандагонро бо барқ таъмин мекунад, ҳамоно 10 апрел ҳисобида мешавад. Истеъмолгари асосии нерӯи барқ дар ҳоли ҳозир шаҳри Душанбе боқӣ мемонад»,- афзуд раиси «Барқи Тоҷик».

Январь 31, 2013 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

27 июл дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Шаҳрвандон ва соҳибкорон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ 3,7 миллион амалиёти ғайринақдӣ анҷом доданд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Имрӯз дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
23 июл дар Донишгоҳи давлатии тиббӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, агентиҳои назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад