Нашри китоби нави Соҳиб Табаров
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Нашриёти «Дониш» китоби нави адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Табаровро бо номи «Пайрав Сулаймонӣ. Очерки ҳаёт ва эҷодиёт» ба нашр расонид. Дар ин китоб зиндагиномаи Пайрав оварда шуда, ҳамчунин осори ӯ нақду баррасӣ шудааст. Соҳиб Табаров аз ҷумлаи олимони пуркори тоҷик буда, солиёни зиёдест, ки дар соҳаи илму адаб фаъолияти густарда дорад. Ӯ атрофи зиндагиву эҷоди Мунзим, Фитрат ва дигар шоирони тоҷик тадқиқоти илмӣ бурдааст. Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров ҳанӯз соли 1962 китоберо перомуни ҳаёту осори Пайрав Сулаймонӣ нашр намуда буд ва китоби нави ӯ идомаи мантиқии китоби пешин буда, бо таҳриру иловаҳои тоза рӯйи чоп омадааст.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






