«Обсувор»- беҳтарин ҳикоя дар соли 2012
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон адибону мунаққидони кишвар бурду бохти ҳикояи имрӯзро дар мисоли ҳикояҳои дар як соли охир нашрнамудаи маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» баррасӣ намуданд. Абдулҳамиди Самад, муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон дар ифтитоҳи маҳфил гуфт, устодони мо сатҳи ҳикояро хеле боло бурданд, аммо вазъи ҳикояи имрӯзи мо нигаронкунанда аст. «Хикояҳое, ки имрӯз ба табъ мерасанд, ба талаботи ин жанр ҷавобгӯ нестанд ва бар илова забони хароб доранд»,- иброз намуд Мирзо Шукурзода, нависанда ва муҳаққиқи тоҷик. Аммо ба андешаи профессор Абдунабӣ Сатторзода агар дар соли гузашта дар маҷаллаи «Садои шарқ» 14 ҳикоя нашр шуда бошад, аз онҳо танҳо 2 ҳикоя- ҳикояи маъруфи «Марги ҳофиз»-и Сотим Улуғзода, ки маҷалла онро бознашр кардааст ва ҳикояи «Обсувор»- Баҳманёр ба талаботи ин жанр ҷавобгӯянд.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






