Соли пешравиҳо дар иқтисоди кишвар
Душанбе, 29 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Соли 2012 барои иқтисодиёти Тоҷикистон соли бобарор ва пешравиҳо маҳсуб меёбад». Ин матлабро Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҷамъи хабарнигорон иброз намуд. Вазир зикр намуд, ки дар соли 2012 Тоҷикистон ба узвияти Созмони ҷаҳонии Савдо шомил гардид. Созмоне, ки 97 % савдои ҷаҳонӣ ба кишварҳои аъзои он рост меояд. Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ҳам дар мавриди ҳамроҳшавии кишварамон ба ин ниҳоди байналмилалӣ Созишнома ба тасвиб расонд, ки он ба Созмони ҷаҳонии Савдо ирсол гардидааст. Умед аст, ки баъд аз як моҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии Савдо гардида, намояндагии худро дар ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ифтитоҳ намояд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






