«Ҷоми ВКД» ҷамъбаст гардид
Душанбе, 11 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Мусобиқаи футболи хурд ва волейбол таҳти шиори «Солим- бемаводи мухаддир» байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии мамлакат барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 16 январ то 9 феврали соли равон давом кард, ҷамъбаст гардид. Бояд тазаккур дод, ки вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар мусобиқаи мазкур дар ҳайати дастаи футболи «Динамо»-и ВКД иштирок намуд. Мусобиқа дар ду марҳила байни бозингарони синни то 40-сола (24-даста), дар чор зергуруҳ ва аз 40-сола боло (10-даста) баргузор гардид.Дар байни дастаҳои аз синни 40-сола боло ҷойи аввал насиби дастаи Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.Ҷои дуюм насиби дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ гардид. Ҷойи сеюм ба дастаи Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Дар мусобиқаи волейбол дастаи Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ ба гирифтани ҷойи якум мушарраф гардид. Ҷойи дуюм насиби дастаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи сеюм насиби дастаи волейболбозони Вазорати корҳои дохилӣ гардид. Ғолибони мусобиқа бо «Ҷоми вазири корҳои дохилӣ», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома» сарфароз гардонида шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






