Артиши миллӣ- сипари боэътимоди кишвар
Душанбе, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бахшида ба 20- солагии таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов вохӯрии сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҳайати шахсии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Хусрав Аминов баргузор гардид. Ҷамъомадро ректори консерватория Раҷабмад Амиров ифтитоҳ намуд. Дар вохӯрӣ полковник Аминов аз дастовардҳои Артиши миллӣ дар замони истиқлолият сухан гуфта, зикр намуд, ки Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимод метавонад барои осоиштагии мардуми кишвар хизмат намояд. Бояд гуфт, ки сол то сол сафи афсарони касбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳ меафзояд,ки ин боиси боло рафтани иқтидори мудофиавии кишвар мегардад. Воқеаҳои солҳои охир нишон доданд, ки Артиши миллӣ метавонад бар зидди ҳама гуна нобасомониҳо, аз ҷумла терроризму экстремизми сиёсӣ истодагарӣ карда, муборизаи беамон барад. Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби омӯзгорон ва муҳассилини консерватория бахшида ба ҷашни Артиши миллӣ шеъру таронаҳои ватандӯстона иҷро шуданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






