Озмун барои соҳиб шудан ба квотаҳои таҳсил дар Чин
Душанбе, 12 феврал. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Вазорати маорифи Тоҷикистон барои соҳиб шудан ба квотаҳои таҳсил дар Ҷумҳурии Мардумии Чин озмун эълон кардааст. Бино ба гуфтаи Абдусаттор Одинаев, сардори раёсати робитаҳои байналмилалии Вазорати маорифи кишвар Ҷумҳурии Мардумии Чин барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои ин кишвар дар солҳои 2013-2014 ҳудуди 92 квота ихтисос додааст, ки аз ин шумора 60-квота ба Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия ва Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи Сотим Улуғзода ҷудо гардида, ҳамчунин барои ба даст овардани 32 квотаи боқимонда хоҳишмандон аз дигар макотиби олӣ ва вазорату корхонаҳо метвонанд ширкат варзанд. Даври аввали озмун барои соҳиб шудан ба квотаҳо дар Вазорати маорифи Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳамчунин дар охири моҳи феврал бо довталабон масъулини сафорати Чин дар Душанбе мусоҳиба мекунанд. Довталабоне, ки ҳамаи шартҳои озмунро мегузаранд, соҳиби квотаи таҳсили яксола дар курсҳои забономўзӣ дар Чин ё имкони таҳсил дар аспирантураи ин кишварро ба даст меоранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






