Сайри ҷавонон дар қисми низомӣ
Душанбе, 4 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар доираи чорабиниҳои барномаи «10 икдоми «Созандагони Ватан» бахшида ба 20-солагии Артиши миллӣ» имрӯз сайри ҷавонони синни тодаъватӣ дар қисми низомии №08010 Маркази таълимии ӯӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи ҶТ сурат гирифт. Дар ҷараёни чорабинӣ ҷавонон аз шароити зист ва имкониятҳои мавҷудаи қисми низомии мазкур шиносоӣ пайдо намуда, бо сарбозон суҳбату мулокот доир намуданд.
Ҷавонон зикр карданд, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо завқи онҳоро барои хизмат ба Ватан боз ҳам афзун намуда, онҳо мекӯшанд то дар бораи ин чорабинӣ ба ҳамсолону рафиқон нақл кунанд.Дар қисми фарҳангии чорабинӣ роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» афсарону аскаронро бо ҷашни касбиашон шодбош гуфта, ба пешқадамон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Чорабинӣ бо садо додани сурудҳои ҳарбию ватандӯстӣ идома ёфта, барои сарбозон базми хотирмон ташкил карда шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






