ВАО-муқобили коррупсия

Февраль 15, 2013 14:43

Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷиҳати ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар байни аҳолӣ озмуни воситаҳои ахбори омма ва рӯзноманигоронро таҳти унвони «ВАО муқобили коррупсия» доир менамояд.Ҳадафи асосии озмун ҷалби воситаҳои ахбори оммаи минтақавию ҷумҳуриявӣ ва ҷомеаи журналистӣ ба кори ташаккул додани муҳити созгори иттилоотӣ баҳри амалисозии сиёсати давлат дар самти муқовимат бо коррупсия, пурзӯр намудани самаранокии ВАО ҳамчун воситаи муҳими татбиқи сиёсати давлат дар ҷодаи пешгирӣ ва фошсозии амалҳои коррупсионӣ, такмили ҳамкориҳои босамар ва муттасили мақомоти давлатӣ бо воситаҳои ахбори омма дар самти мубориза ва пешгирии ҳодисаҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, баланд бардоштани сифати матолиби журналистӣ дар инъикоси ин қабил ҳодисаҳо мебошад.Маводи ба озмун пешниҳодшаванда бояд то 20.02с 2014 дар нашрияҳои чопӣ ё интернетӣ ба табъ расида ё аз тариқи телевизион ё радио пахш шуда бошанд. Мавод дар дилхоҳ жанри журналистӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод шуда метавонад.Чорабинии расмии эълони натиҷаҳои озмун ва супурдани мукофотҳо ба ғолибон рӯзи 11 марти соли 2014 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи матбуот баргузор мегардад.

Февраль 15, 2013 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад