Вусъати корҳои сохтмонӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 21 феврал. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар соли 2012-ум дар Кӯлоб 17 коргоҳу корхонаи хурду бузурги саноатӣ ба фаъолият пардохт, ки дар онҳо беш аз 2300 ҷойи нави корӣ муҳайё гардид. Ҳамзамон аз ҷониби соҳибкорон сохтмони иншооти гуногуни маданию маишӣ ва хизматрасонӣ вусъати тоза касб менамояд. Дар маркази шаҳр бинои маркази тиҷоратии панҷошёна бо тархи муосири сохтмонӣ қомат афрохта истодааст, ки дар корҳои сохтмонии он беш аз 22 нафар сокини маҳаллӣ ҷалб гардидааст. Сохтмони ҳамин гуна иншоот дар дар марказҳои 4 чамоати деҳот ва деҳаҳои сераҳолӣ босуръат идома дорад. Ҳукумати шаҳри Кӯлоб барои сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва иншооти маъмурию маданӣ дар маркази шаҳр замин ҷудо намуд, ки он ба соҳибкорон аз тариқи тендер дастрас мегардад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






