Боздиди узви палатаи лордҳо аз Парлумон
Душанбе, 5 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Таҳкими раванди ҳамкориҳои парлумонҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар меҳвари мулоқоти раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанов ва узви палатаи лордҳои Парлумони Британияи Кабир хонум Баронесса Вивйен Стерн қарор дошт. М. Ватанов доир ба фаъолияти Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони палатаи поёнии Парлумони мамлакат иттилоъ дод. Мавсуф зикр кард, ки қонунҳое, ки дар бахши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон таҳия ва қабул шудаанд, аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои гуногуни байналмилалӣ баҳои баланд гирифтанд, зеро инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши муқаддас ба шумор мераванд. Узви палатаи лордҳои Парлумони Британияи Кабир хонум Баронесса Вивйен Стерн иқдомоти Маҷлиси намояндагонро ҷиҳати таҳия ва қабули қонуну санадҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон муассир арзёбӣ кард. Вай изҳори умед кард, ки Парлумони Тоҷикистон дар самти беҳбуди вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишвар қонуну санадҳои ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалиро қабул хоҳад кард.Мавриди зикр аст, ки ин севвумин сафари узви палатаи лордҳои Парлумони Британияи Кабир хонум Баронесса Вивиен Стерн ба Тоҷикистон аст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






