Кӯмак ба ниёзмандони ноҳияи дурдаст
Душанбе, 5 март.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба 512 оилаи серфарзанд ва ниёзманди ноҳияи дурдасти Мурғоб кӯмаки якдафъаина расонад. Кӯмакҳо аз ангишт, либос, кафшҳои гарм, шамъ, болопӯши хоб, кӯрпаю кӯрпача ва бел барои барфтозакунӣ иборат аст. Кӯмакҳои мазкурро Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) бо истифода аз Бунёди вижаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ (ДРЕФ) ба Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон барои расонидани кӯмакҳо ба хонадонҳои осебпазир ва ниёзманди ноҳияи Мурғоб мусоидат намудааст. Инчунин ба 80 сокини солхӯрда ва маъюби ин ноҳияи баландкуҳ маҳсулоти хӯрокӣ кӯмак мешавад, ки аз равғани растанӣ, шакар, биринҷ, макарон, намаки йоддор, шир ва чой иборат аст. Aбдулфаттоҳ Шафиев, масъули тамос бо ҷомеаи ФБҶ СС ва ҲА мегӯяд, ки баҳогузории вазъ бо дархости ДРЕФ дар 6 ҷамоати Мурғоб дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ва раисони ҷамоатҳо гузаронида шудааст. Намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва раисони ҷамоатҳо вақтҳои наздик кӯмакҳоро ба ниёзмандон мерасонанд. Соли гузашта ҳам ФБҶ СС ва ҲА дар ҳамкорӣ бо ҶҲАТ ба 500 хонаводаи ноҳияи Мурғоб вобаста ба тӯлонӣ омадани фасли зимистон кӯмаки ғизоӣ расонид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






