Таҷлили Рӯзи модар
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз, 5 март, дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи модар ва Рӯзи байналмилалии занон — 8 март мизи мудаввар дар мавзӯи «Зан ва фарҳанг» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ибтикори Иттифоқи занони ҳамватани Русия дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Раиси Иттифоқи занони ҳамватани Русия дар Тоҷикистон Сабоҳат Раҳимзода зимни суханрониаш зикр намуд, ки «мо, занон, Рӯзи модарро иди расмии давлатии Тоҷикистон мешуморем, ки ин далели ғамхории нави Президенти кишвар дар ҳаққи занон ва модар ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа мебошад. Дар Тоҷикистон занон баробари мардон садоқатмандонаю диловарона меҳнат карда, фарзандонро бо меҳру муҳаббат тарбия мекунанд ва ба рушди ҷомеаи мо саҳми бузург мегузоранд». Дар анҷоми ин чорабинӣ намоишномаи «Ту хуршеди манӣ, Русияи бузург» манзури ҳозирон карда шуд, ки коргардони он Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, узви Иттифоқи синамогарони Русия Марям Исоева мебошад.








Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






