Қатъи фаъолияти 17 нуқтаи доруфурӯшӣ
Кӯлоб, 9 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар минтақаи Кӯлоб ҳолати 27 адад дорухонаи хусусӣ, ки дар дохили биноҳои маркази саломатии шаҳру ноҳияҳо ҷой доштанд, санҷида шуда, фаъолияташон муваққатан қатъ гардид. Мақсад аз қатъи нуқтаҳои доруфурӯшӣ нарасидани утоқҳои кории табибон дар беморхона, кифоя набудани ҷойи бақайдгирии шаҳрвандон, муҳайё сохтани утоқҳои компютерӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, инчунин давлатӣ кардани дорухонаҳо дар ҳудуди беморхонаҳои марказӣ мебошад. Гуфта мешавад дар ҳудуди минтақаи Кӯлоб 193 дорухона фаъол буда, сифати дорувор ва ҳуҷҷатгузории онҳо таҳти назорати доимии Хадамоти назорати давлатии фармасевтӣ қарор дорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






