Ҳамкориҳо бо TICA вусъат меёбанд

Апрель 11, 2013 09:01

Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дирӯз дар Душанбе вохӯрии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Умед Давлатзод бо муовини сардори раёсати Туркия оид ба рушд ва ҳамкориҳои байналхалқӣ (TICA) дар назди Девони вазирони Ҷумҳурии Туркия Меҳмет Сюррейа ЭР доир гардид.  Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти вазорати мазкур иттилоъ доданд, ки тақвияти рушди муносибатҳои дуҷониба, омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар самти рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва иҷрои корҳои вобаста ба лоиҳаҳои амалигардида дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои калидӣ дар мулоқоти У. Давлатзод бо Меҳмет Сюррейа ЭР маҳсуб гардиданд. Мавриди зикр аст, ки фаъолияти TICA дар Тоҷикистон асосан аз ҳамкориҳои техникӣ дар соҳаҳои мухталиф иборат аст. Намояндагии ин созмон ҷараёни расонидани кӯмаки техникиро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, инфрасохтор, тандурустӣ, маориф, баланд бардоштани тахассус мунтазам таҳти назорат мегирад. Бо мақсади мусоидат ба рушди ҷумҳурӣ то имрӯз аз ҷониби Туркия тавассути TICA кӯмаки техникӣ ба маблағи бештар аз 7 миллион доллари ИМА расидааст. Дар интиҳои мулоқот ҷонибҳо атрофи нақшаю барномаҳои дар оянда амалишаванда мубодилаи афкори судманд намуданд.

Апрель 11, 2013 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд