Ҷаласаи ҳайати мушовара дар Хадамоти муҳоҷират

Апрель 23, 2013 11:46

Душанбе, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти хадамот дар семоҳаи аввали соли 2013 ва вазифаҳои навбатӣ барои давраи минбаъда баргузор гардид. Сардори Раёсати ташкилию таҳлилии хадамот Назрулло Бекназаров иброз дошт, ки Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳоҷират», дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ба роҳ монда, оид ба танзими раванди муҳоҷират дар давраи ҳисоботӣ корҳои зиёдро ба анҷом расонид.  Аз тарафи намояндагӣ дар се моҳи соли 2013 дар ҳаҷми 1 миллиону 920 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати пардохтнашудаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони ҶТ баргардонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2012 1 миллиону 533 ҳазору 420 рубли русӣ зиёд мебошад. Бо мусоидати намояндагӣ 3 қарори судҳои ноҳиявии шаҳри Маскав оид ба берун кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қаламрави Федератсияи Русия бо қарори мақомоти суди болоӣ бекор карда шуд. Дар фарҷом сардори хадамот барои дастгирии доимӣ миннатдорӣ баён намуда, ҳозиринро барои боз ҳам пурзӯр намудани фаъолият дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ вазифадор намуд. Дар ин бора сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод.

Апрель 23, 2013 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад