Бунёди мактаби замонавӣ дар Шӯрообод
Шӯрообод, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар ноҳияи Шӯрообод то ин давра ба маблағи 11 млн. 321 ҳазору 700 сомонӣ сармояи асосӣ ва ба маблағи 10 млн. 177ҳазору 100 сомонӣ корҳои сохтмонию васлгарӣ ба итмом расиданд. Ба гуфти раиси ноҳия Амирхон Икромов дар айни ҳол дар ноҳия сохтмони 9 муассисаи таълимӣ барои 1416 ҷои нишаст, як бунгоҳи тиббӣ, як муассисаи фарҳангӣ, 3 бинои маъмурӣ, 2 бинои истиқоматӣ ва як сехи оҳангарӣ идома дорад. Дар ин давра корҳои лоиҳакашии биноҳои мактаб дар маркази ноҳия барои 640 ҷойи нишаст ва дар деҳаи Доғистон барои 120 ҷои нишаст ба анҷом расида, корҳои лоиҳакашии бинои мактаб дар деҳаи Чагам барои 288 ҷои нишаст оғоз гардидаанд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






