Фаъолияти хуби шуъбаи занон дар ВМКБ
Хоруғ, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҷ. Улфатшоев).- Бо истинод ба маълумоти мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ Меҳрӣ Ғуломшоева дар давоми семоҳаи соли равон шуъба дар баланд бардоштани маърифати ахлоқии ҷавонон, пешгирии ҳар гуна аъмоли зишт дар ҷомеа, баргузор намудани чорабиниҳои ахлоқию фарҳангӣ нақши муносиб гузоштааст. Баҳри тақвияти сиҳатӣ ва саломатии занон дар мавзуъҳои «Тарзи ҳаёти солим», «Оила ва ҷомеа», «Оила – пойдевори давлат» семинарҳои омӯзишӣ доир гардиданд. Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар тамоми қисмҳои сарҳадӣ вохӯриҳо сурат гирифта, аз номи модарон ба аскарбачаҳо ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ туҳфа, маводи ғизо ва тақрибан 200 нусха китоб супорида шуд. Филми мустанади телевизионӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои бонувони Бадахшон» ба истиқболи Рӯзи Модар таҳия ва аз тариқи шабакаи «Сафина» намоиш дода шуд. Рӯзи 12 марти соли равон шуъба дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят озмуни вилоятии «Маликаи наврӯзӣ» — ро доир намуд, ки дар он духтарони тамоми ноҳияҳо, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ, омӯзишгоҳи тиббӣ ширкат варзиданд. Шуъба ин қабил чорабиниҳоро пайваста мегузаронад ва дар беҳдошти зиндагии занон нақши муҳим мегузорад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






