Махзани ҳифзи хотираи таърих
Ҳисор, 10 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Филиали бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Ҳисор 50 сола шуд. Ин муассисаи бонуфуз дар тӯли фаъолияташ дар ҳифзи ҳуҷҷатҳои зарурӣ саҳми арзанда дорад. Теъдоди кормандони бойгонӣ ҳоло 8 нафар буда, баҳри сари вақт ҷамъ овардан, ҳифз кардани маводи зарурӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дода мешавад.Дар филиали мазкур корҳои илмию иттилоотӣ хуб бар роҳ монда шудаанд. Дар як муддати кӯтоҳ аз маводи хазинаи бойгонӣ 11 китоби таърихию фарҳангӣ пешкаши хонандагон гардид. Китобҳои «Ҳисори Шодмон», «Сарчашмаи файзу саодат», «Зилзилаи Ҳисор», «Маҳфузгарони таърих» аз ҷумлаи онҳост. Дар ҳама давру замон бойгонӣ на танҳо барои муҳаққиқон, балки барои ҳокимону давлатдорон ва баҳри ба насли оянда гузоштани хотира аз даврони муайяни таърихӣ зарур аст.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






