Омодагии Беларус ба чорабиниҳои ҲХДТ

Апрель 10, 2013 16:54

Душанбе,10 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)- Имрӯз дар Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латипов бо мушовири сафорат Олег Вонсяк мулоқот анҷом дод. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Беларус ибрози назар карда, аз самараи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд. Намояндаи Беларус Олег Вонсяк ҳамкории байниҳизбиро зарур ва боиси дастгирӣ хонд ва пешниҳод намуд, то миёни ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони ҳизбӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шаванд. Дар ҷараёни мулоқот намояндаи сафорат омодагии ҷониби кишварашро барои иштирок дар чорабиниҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баён дошт.

Апрель 10, 2013 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид