Равияҳои нави ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия

Апрель 5, 2013 17:30

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар»).-5 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Равияҳои нави ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия” конфронси байналмилалӣ ба кори худ шуруъ кард. Дар кори конфронси мазкур намояндагони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, доираҳои соҳибкорӣ, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, доираҳои олимон ва коршинсон, ВАО иштирок менамоянд. Мавзуъҳои калидии конфронс дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия, таҳияи афзори самараноки идораи захираҳои башарӣ ва масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, рушди соҳаҳои анъанавӣ ва нави иқтисод, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва башарӣ мебошанд. Ҳамзамон дар ҳошияи ин конфронс 4 мизи мудаввар таҳти мавзуъҳои “Нақши ҳамкориҳои байниминтақавӣ ҳангоми равандҳои ҳамгироӣ дар паҳнои ИДМ”, “Таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ ба усулҳои ҳамкории байниминтақавӣ дар шароити равандҳои ҳамгироӣ”, “Нақши бахши бонкӣ-молиявӣ дар рушди ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистону Русия” ва “Арзёбии паҳлуҳои башарӣ ва фарҳангии ҳамкориҳои байниминтақавӣ” баргузор мегарданд. 6 апрел дар чаҳорчӯбаи ин чорабинӣ иштироккунандагони конфронс аз Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” дидан менамоянд.

Апрель 5, 2013 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд