Сӯхтор дар Литсеи президентӣ

Апрель 29, 2013 11:26

Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрӯз соати 08:13-дақиқа ба нуқтаи маркази алоқаи Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД хабари телефонӣ оид ба сӯхтор дар Литсей-интернати президентӣ, воқеъ дар кӯчаи Шерализода 17-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ворид гардид.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, фавран ба ҷойи ҳодиса 3 адад мошини сӯхторхомӯшкунӣ ва ду нақлиёти махсуси оташнишонӣ сафарбар карда шуда, роҳбарияти Сарраёсат низ ба ҷойи ҳодиса расиданд.Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон дар дохили посбонхона ва ошхона, ки дар шафати якдигар ҷойгиранд, дар масоҳати умумии 8 метри мураббаъ молу ашёҳо месӯхтанд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ сӯхтор ба зудӣ иҳота ва дар соати 08:44-дақиқа пурра хомӯш карда шуд. Аз сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст. Аз мушоҳидаи мутахассисони соҳа бармеояд, ки эҳтимол сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар барқтақсимкунак бошад.Омилҳои сар задани сӯхтор ва миқдори зарар аз тарафи коршиносони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мешаванд.

Апрель 29, 2013 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад