Тақсимоти замини наздиҳавлигӣ дар Кӯлоб

Апрель 29, 2013 09:46

Кӯлоб, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Бо қарори ҳукумати ӋТ дар доираи тақсимоти замини манзилӣ ба шаҳрвандон дар шаҳри Кӯлоб комиссияи ҷамъиятӣ парвандаҳои шаҳрвандони эҳтиёҷманди шаҳру деҳотро баррасӣ карда, баъди муоинаи ҳуҷҷатҳои дахлдор қитъаҳои заминро тавассути қуръапартоӣ ба эҳтиёҷмандон пешниҳод кард. Дар ин замина дар масоҳати 289 ҳазору 87 га замин барои 1951 оилаи эҳтиёҷманди ҷамоатҳои деҳоти шаҳр қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид. То ин давра тавассути ситоди ҷумҳуриявии рафъи ҳодисаҳои табиӣ ва комиссияи ҷамъиятӣ 615 оилаи аз офати табиӣ зарардида бо хонаи истиқоматӣ, ҷиҳози рӯзгор ва хатҳои интиқоли барқ таъмин гаштанд. Тавассути қуръапартоӣ боз 260 оилаи таркибии осебдида ва 357 нафар эҳтиёҷманд аз маҳаллаҳои Чаманзор ва Меҳробод бо замини наздиҳавлигӣ таъмин шуданд.

Апрель 29, 2013 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст