“Тоҷикстандарт” ва татбиқи тадбирҳо аз Паём то Паём
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).-Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 зикр гардидаанд, як қатор тадбирҳоро амалӣ намуд. Бо мақсади рушди минбаъдаи низоми миллии стандартизатсия ва сертификатсиякунонӣ дар ин замина амалӣ намудани ислоҳоти соҳаҳои мазкур ва гузариш ба низоми танзими техникӣ мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2012 №491 “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 №615” қабул карда шуд, ки дар сохтори агентӣ як қатор тағйирот ворид намуд. Аз ҷумла, дар сохтори идораи Агентии “Тоҷикстандарт” тибқи талаботи байналмилалӣ Раёсати баҳодиҳии мутобиқат ва Раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонӣ таъсис дода шудаанд.Ҷиҳати вусъати нав бахшидан ба соҳаи стандартонӣ ва таҳияи стандартҳо дар соли 2012-ум аз тарафи Агентии “Тоҷикстандарт” ду кумитаи техникӣ — “Оид ба стандартонии маҳсулоти хўрокворӣ” ва “Оид ба сафаҷўии энергия, самаранокии энергетикӣ ва энергоменеҷмент” ташкил гардид. Кумитаҳои мазкур масъалаи стандартониро дар доираи салоҳияти худ ба роҳ монда, барои таҳияи стандартҳо ва ҳамоҳангсозӣ бо стандартҳои байналмилалӣ кўмаки худро мерасонанд. Дар раванди ба роҳ мондани фаъолият 11 стандарти байналмилалӣ, ки бевосита ба идораи низоми соҳаи танзими техникӣ дахл доранд, қабул шуда, баҳри татбиқи амалии онҳо тадбирҳои мушахасс андешида шудаанд. Дар ин замина бо мақсади гузаштан ба низоми сертификатсияи байналмилалӣ аз рўи стандартҳои байналмилалӣ Агентии “Тоҷикстандарт” лоиҳаи “Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013 — 2015 “-ро таҳия намуд ва баъди баррасӣ тибқи тартиби муқарраргардида бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Тибқи барнома низоми идораи сифат дар ҷумҳурӣ аз рўи стандартҳои байналмилалӣ сертификатсия мешавад ва дар самти ҷорӣ намудани низоми идораи сифат дар айни замон корхонаҳои ватанӣ дархост пешниҳод намуда истодаанд. Ҳамчунин аллакай натиҷаҳо нишон доданд, ки ҷорӣ намудани ин низом аз чанд ҷиҳат ба корхонаҳо манфиат овардааст.Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлат дар соҳаи танзими техникӣ, аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдо ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон бо ҷалби институтҳои ҷамъятии шаҳрвандӣ дар назди агентӣ Шўрои ҷамъиятии машваратӣ оид ба стандартизатсия ва баҳодиҳии мутобиқат, ки аъзои он аз ҳисоби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ташкилоту ассотсиатсияҳои ҷамъиятӣ, намояндагони васоити ахбори омма, олимон ва соҳибкорону истеҳсолкунандагон мебошанд, фаъолият дорад. Дар ин давра дар назди Агентии “Тоҷикстандарт” Маркази иттилоотӣ оид ба монеаҳои техникӣ дар савдои СУС таъсис дода шуда, дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо. ҳамзамон дастгирии Маркази байналмилалии савдо ду мутахассиси ин марказ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз курси бозомўзӣ гузаштанд. Дар айни ҳол маркази мазкур тибқи талаботи СУС фаъолият дорад. Ҳамзамон дар самти дастгирии соҳибкорӣ дар баробари амалӣ намудани дигар тадбирҳо, инчунин ҷиҳати таъмини шаффофият, бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, кам намудани вақти барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва дар ин замина суръат бахшидан ба масъалаи ҷорисозии тартиби барасмиятдарории воридот ва содироти молҳо тавассути усули “Равзанаи ягона” бо ҷалби Ташкилоти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) дар Агентии “Тоҷикстандарт” шабакаи ягонаи электронӣ барои қабули дархостҳо пайваст гардид. Албатта, чунин амал ба соҳибкорон имкон медиҳад, ки бо сарфаи вақт аз дилхоҳ ҷой барои барасмиятдарории молу маҳсулот ба агентӣ дархост пешниҳод намоянд. Агентии “Тоҷикстандарт” бо истифода аз имкониятҳои ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро вусъат медиҳад, аз ҷумла ҳамкориҳо дар заминаи созишномаҳо бо институти стандартҳои Олмон, Австрия, Туркия, Чехия дар ин давра ҷиҳати мукаммал намудан ва рушди фаъолият мусоидат намудаанд. Ҷиҳати иҷрои банди 20-и нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012 зикр гардидаанд, Агентии “Тоҷикстандарт” лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи номгўи мол (кор, хизматрасонӣ), ки бояд ҳатман сертификатсия шаванд»-ро дар асоси пешниҳодҳои гуруҳи корие, ки аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо ва ассотсиятсияҳои дастгирии соҳибкорӣ таъсис шуда буд таҳия намуд ва он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди амал қарор гирифт. Зикр кардан бамаврид аст, ки номгўйи нав нисбат ба номгўйи қаблӣ, ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуда буд, 2,5 маротиба камтар аст. Дар мавриди аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани озмоишгоҳҳои системаи “Тоҷикстандарт”, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои Агентӣ, бахусус, озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ба талаботи стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ шуданд. Бо назардошти ин, озмоишгоҳҳои маводи ғизоии агентӣ барои гирифтани ваколатҳои байналмиллалӣ тибқи талаботи Ташкилоти байналмиллалии стандартҳо (ИСО/МЭК) омода карда шуд ва дар ин даврв се озмоишгоҳи ташхисии Тоҷикстандарт аз тарафи Ташкилоти байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи аккредитатсияи озмоишгоҳҳо (ILAC) аккредитатсия шуданд. Бо мақсади такмили тартибу корбурди ташхиси маҳсулот дар Агентӣ ду методи нави стандартонидашудаи санҷиши маҳсулоти хўрокворӣ ва хоҷагии қишлоқ бо истифодаи таҷҳизоти замонавии нишондиҳандаашон дақиқ ҷорӣ шуд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки вақту муҳлати ташхисҳо 2-3 маротиба кўтоҳ шаванд ва ҳамзамон барои сари вақт ва таъҷилан барасмиятдарории дархостҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ мусоидат намоянд.Ҳамзамон дар агентӣ ва марказҳои он 4 озмоишгоҳ оид ба ташхиси маҳсулоти ғизоӣ, санҷиши пойафзол, воситаҳои ченаки электромагнитӣ ва масолеҳи сохтмонӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ба истифода дода шудаанд, ки барои пешбурди фаъолият замина мегузоранд.








6 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло






