«Ҳаёти шахсони наҷиб»- маҳфили илмию амалӣ
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дирӯз дар толори тиб ва табиатшиносии Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон маҳфили илмию амалӣ зери унвони «Ҳаёти шахсони наҷиб» баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба ҳаёт ва фаъолияти доктори илми тиб, профессор, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Умриниссо Сироҷиддинова бахшида шуда, дар он муовини ректор оид ба корҳои таълим, доктори илми тиб, профессор С. Қурбонов суханронӣ намуд. Дар доираи чорабинии мазкур намоиши китобҳои муаллиф ва асарҳои соҳаи фтизиопулмонология ба маърази тамошо гузошта шуданд.Лозим ба ёдоварист, ки Сироҷиддинова Умриниссо Юсуфовна 9 марти соли 1940 дар ш.Душанбе таваллуд ёфта, фтизиатр, доктори илмҳои тиб (1989), профессор (1990), духтури тахассуси дараҷаи олӣ. Аълочии ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Аълочии тандурустии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар мавзӯи «Эмкунии зиддисилӣ бо БСЖ ва хусусиятҳои ҷараёни сили аввалияи шуш дар кўдакони ҶШС Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ва дар мавзўи «Иммунопрофилактика дар кўдакон ва наврасон дар шароити баландкуҳ ва манбаъҳои сирояти сил» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмии У. Сироҷиддинова ошкорсозӣ, баланд бардоштани самараи муолиҷа ва пешгирии сил, татбиқи «Барномаи миллии мубориза бо сил дар ҶТ» мебошанд. Умриниссо Сироҷиддинова муаллифи зиёда аз 90 таълифоти илмӣ, аз ҷумла «Барномаи миллии мубориза бо сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1996-2000», «Барномаи мубориза бо сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2010», 1 китоби дарсӣ бо забони давлатӣ «Силшиносӣ» барои донишҷўёни донишгоҳи тиббӣ , 6 дастурамали илмию методӣ, 2 монография, 5 дастури таълимист.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






