Боздид аз пойгоҳи низомӣ
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар»). – Тавре ки аз округи марказии ҳарбии пойгоҳи низомии 201 – уми Русия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, гуруҳи нозирони Эстония ва Латвия барои боздиди корӣ ба Тоҷикистон омадаанд.Мувофиқи суханони манбаъ, гуруҳи мазкур мутобиқи ҳуҷҷати расмӣ «Дар бораи тадбирҳои вусъати боварӣ ва амният» фаъолияти низомӣ дар ҳудуди кишварро назорат мекунанд. Гуруҳи нозирони Эстония ва Латвия ҳамчун бо ҳайати фармондеҳони қисми ҳарбӣ мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни нишасти махсус маърӯзаи қумондони пойгоҳи низомӣ полковник Сергей Рюмшин перомуни ҷиҳатҳои алоҳидаи фаъолияти пойгоҳи низомӣ шунида шуд.Хотирнишон месозем, ки Федератсияи Русия ӯҳдадориҳояшро барои вусъати боварӣ ва амният дар ҳошияи ҳуҷҷати зикршуда иҷро менамояд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






