Дар пойтахт ситод таъсис дода шуд

Май 3, 2013 10:55

Душанбе Душанбе, 3 май.(АМИТ “Ховар”, Марзия Cаидова).-Шаҳрдории Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар робита ба ин дар асоси қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар пойтахт ситоди омодагии пойтахт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 созмон дода шуд, ки онро муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Насрулло Хайруллоев роҳбарӣ менамояд. Инчунин ба ҳайати ситод муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар сохтору мақомоти марбутаи шаҳри Душанбе шомиланд. Тибқи қарори мазкур ҷаласаҳои ситод аз моҳи май то нимаи моҳи сентябр ҳар рӯзи ҷумъа, аз 15 сентябр то 15 ноябр дар як ҳафта ду маротиба ва аз 15 ноябри соли 2013 то 15 марти соли 2014 ҳар рӯз гузаронида мешаванд.

Май 3, 2013 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад