Имзои созишномаи амниятӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе,7 май.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-4 май дар осоишгоҳи «Зумрадшоҳ»-и шаҳри Исфара музокироти ҳайатҳои вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон сурат гирифт.Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳайати Тоҷикистонро раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва ҷониби Қирғизистонро намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Ҷениш Раззоқов сарварӣ намуданд. Ҳамчунин дар музокироти дутарафа раҳбарони мақомоти интизомии сатҳи вилоятӣ ва мақомоти маҳаллии шаҳри Исфара ва ноҳияи Ботканд иштирок доштанд.Муноқишае, ки 27 апрели соли ҷорӣ миёни тоҷикону қирғизҳо дар пайи сохтмони роҳ дар минтақаи баҳсталаб аз ҷониби қирғизҳо дар ҷамоати Ворух рух дод ва дарёфти роҳи ҳалли ин масъала мавзӯи асосии гуфтушуниди тарафҳо қарор гирифт.Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода гуфт, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон аз муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ бархурдоранд ва ҳамаи масъалаҳои баҳсталаб танҳо дар заминаи қарордодҳои давлатии ба тасвибрасидаи ҳарду ҷониб ҳал мешаванд.«Моро лозим аст аз такрори чунин ҳодисаҳо пешгирӣ намоем. Аз ин сабаб муноқишаи марзӣ мавзӯи асосии мулоқоти мо хоҳад буд», — таъкид дошт Қоҳир Расулзода.Намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Қирғизистон дар вилояти Ботканд Ҷениш Раззоқов низ дар суханронии худ муносибати дӯстонаи тӯли қарнҳо вуҷуддоштаи тоҷикону қирғизҳоро зикр намуда, гуфт, ки ҳамаи масъалаҳо дар доираи қонун ва музокираи тарафҳо ҳалли худро хоҳад ёфт.Ҳамчунин роҳбарони сохторҳои интизомии ҷонибҳо дар бораи ташкили гуруҳи махсус, ки назорати минтақаҳои ҳаммарзро ба уҳда хоҳад гирифт, ба мувофиқа расиданд.Дар анҷоми мулоқот раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Қирғизистон Ҷениш Раззоқов созишномаи таъмини амнияти сокинони наздимарзиро ба имзо расонданд. Ҷонибҳо зикр намуданд, ки созишномаи мазкур дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба имзо расида, амнияти сокинони наздисарҳадиро таъмин месозад.Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 567 километраш аломатгузорӣ шудааст. Ин ду кишвар муносиботи хуби ҳамсоягӣ доранд ва вуруди бевизаи сокинони ҳар ду кишвар побарҷост.








24 июл дар Донишгоҳи техникӣ ва Донишгоҳи аграрӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар ду басти истироҳатгоҳи «Дурахшон» 230 нафар кӯдакону наврасон ба фароғат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Аз 21 то 23 июл дар Тоҷикистон ҳавои номусоид ва бориши борон дар назар аст
МегаФон Тоҷикистон дастрасии муштариёнро ба онлайн-кинотеатри Wink боз намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






