Садриддин Айнӣ-маорифпарвари бузург
Душанбе, 3 май. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо ташаббуси садорати факултаи филологияи тоҷик бахшида ба 135-солагии фарзанди фарзонаи миллат устод Садриддин Айнӣ конфронси илмию амалии ҷумҳурявӣ баргузор гардид. Ректори донишгоҳ Абдуҷаббор Раҳмонов гуфт, ки дар асри ХIХ аввалин маорифпарвар Аҳмади Дониш буда, устод Садриддин Айнӣ дар асри ХХ дар самти рушди маориф саҳми арзанда дорад. Устод Айнӣ шахсест, ки тамоми ҳаёту фаъолияти хешро баҳри маҳви бесаводӣ сарф кардааст. Ӯ яке аз нахустин асосгузорони мактаби ҷадидия мебошад.Дар конфронс ҳамчунин гуфта шуд, ки солҳои 1908-1910 бо ибтикори Айнӣ мактабҳо бо китобҳои «Таҳзиб-ус-сибён», «Тартил-ул-Қуръон» ва «Заруриёти динӣ» таъмин гардиданд. Сипас донишҷӯён аз ашъори рангину ширини устод Айнӣ намунаҳо қироат намуданд.Қисми дуюми конфронс дар назди нимпайкараи устод Айнӣ, ки дар назди факултаи филологияи тоҷик воқеъ аст, баргузор шуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






