Ворид намудани тағйирот ба қонуни энергетика
Душанбе, 30 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон –Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» тағйирот ворид карданд. Шодӣ Шабдолов -узви кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи ин масъала гуфт, ки мақсад аз таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқсозии он ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва аз байн бурдани мухолифати байни онҳост. Зикр шуд, ки қисмҳои 1, 2, 4, 7 ва 13 лоиҳаи ин қонун ҷиҳати мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешбинӣ шудааст. Инчунин тибқи талаботи қисмҳои 6, 12 ва 13 лоиҳа, ба моддаҳои 3 (қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика), 27 – и қонун (истифодаи замин дар соҳаи энергетика) ва 20-и ин қонун (ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур) тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






