Ятимони Суғдро табрик мекунанд
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар»). – Назар ба хабари дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба 87 нафар ятимони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ёрии моддӣ расонида шуд. Ба гуфтаи роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маъруф Ҳакимов, сару либос ва зочаҳои кӯдакона аз буҷаи маҳаллӣ, ҳамчунин бо дастгирии соҳибкорони ноҳия харидорӣ шудаанд. 1 июн дар ҳамаи 12 чамоати ноҳия ва шаҳраки Ғафуров ба ифтихори Рӯзи ҳифзи кӯдакон чорабиниҳои идона роҳандозӣ мешаванд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






