Имзои созишнома
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 19 август дар Вазорати молияи ҶТ маросими имзои Созишномаи кафолатнок байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё, ҳамчунин Созишнома дар мавриди кӯмаки техникии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи коҳиш додани камбизоатӣ аз рӯи лоиҳаи «Дастрасӣ ба маблағгузории озод ба манбаҳои такрории нерӯи барқ» — и Ҷопон баргузор гардид.Дар маросими имзои ҳуҷҷатҳо вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов, намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон Си Си Ю, Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши, ҳамчунин намояндагони Бонки Рушди Осиё, Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, Вазорати молияи ҶТ ва васоити ахбори омма ширкат доштанд.Созишномаи кафолатнокро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов ва намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон Си Си Ю ва Созишномаи оид ба кӯмаки техникиро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов, намояндаи доимии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон Си Си Ю, ҳамчунин муовини Вазири молияи ҶТ Ҷамолиддин Нуралиев имзо намуданд. Вазири молияи ЧТ Сафаралӣ Наҷмиддинов зикр намуд, ки Лоиҳаи «Дастрасӣ ба малағгузории озоди манбаҳои такрории қувваи барқ» барои Тоҷикистон басо муҳим буда, мақсад аз ин лоиҳа рушду густариши имкониятҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон ва ғайра мебошад. Хотирнишон месозем, ки маблағи умумии лоиҳа 11 миллиону 870 ҳазор доллар, аз ҷумла қарзи кафолатноки Бонки Рушди Осиё 10 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад. Татбиқи лоиҳаи мазкур вақтҳои наздиктарин оғоз ёфта ва тайи 5 сол, яъне то соли 2018 идома меёбад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






