Ҳалокати 3 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ
Душанбе, 15 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Дар ҳафтаи гузашта, аз 6 то 12 январ дар роҳҳои автомобилгарди мамлакат 15 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷаи онҳо 3 нафар ба ҳалокат расида, 23 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз аввали соли 2014 то ба имрўз дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 33 садамаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 8 нафар ба ҳалокат расида, 46 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






