187 нафар бо унвонҳои фахрӣ ва варзишӣ сарфароз шуданд

Январь 15, 2014 17:13

Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).-14-уми январи соли равон як қатор варзишгарону собиқадорон ва мураббиёну кормандон барои хизматҳои шоён да рушду густариши соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо унвонҳои фахрӣ, варзишӣ ва дараҷаҳои тахассусӣ қадрдонӣ шуданд.Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар ҷаласа ба унвони варзишии «Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» 40 нафар, «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» 84 нафар, «Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ» 11 нафар, «Мураббии тахассуси дараҷаи олӣ» 21 нафар, «Мураббии Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 12 нафар, унвони қаҳрамони варзишии «Довари дараҷаи ҷумҳуриявӣ» 3 нафар, «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Точикистон» 16 нафар, ҷамъ 187 нафар сарфароз гардиданд.Зимни ин чорабинӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳи Маликшо Неъматов таъкид кард, ки варзиш омили муҳими муаррифии қавму миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, тайи чанд соли охир варзиши мамлакат бо дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат рушду густариш меёбад.

Январь 15, 2014 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш