394 парванда дар як сол оид ба вайрон намудани қонуни танзим
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Кумита дар давраи ҳисоботӣ корҳои мушаххасро анҷом дод, — гуфт дар ҷараёни нишасти матбуотӣ 14 январ раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ Абдураҳим Холиқов.Вай зикр намуд, ки дар ин давра дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суҷғду Хатлон ва шаҳри Душанбе 4 комиссияи доимӣ, дар 68 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 427 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, дар маҷмуъ 499 комиссияҳои доимӣ дар давраи ҳисоботӣ самарабахш фаъолият намуданд. Аз ҷониби комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 394 адад парвандаҳо оид ба вайрон намудани ин қонун тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба судҳо равон шудааст. Аз 394 парванда 374 адад баррасӣ гардида, 20 адади он дар истеҳсолот қатъ карда шудааст. Маблаҷғи умумии ҷаримаҳо 1 152 500 сомониро ташкил медиҳад. Кумита дар якҷоягӣ бо комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, шўъбаҳо ва бахшҳои оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти назорат бурдани риояи Қонуни мазкур бо мақсади пешгирии эҳтимолияти ҳуқуқвайронкунӣ дар беш аз 650 маъракаҳо рейдҳо ташкил намуд. Зимни гузаронидани рейдҳо 67 адад ҳолати қонуншиканӣ аз ҷониби Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ошкор гардида, маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Дар натиҷа 60 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд ва он барои чораандешӣ ба мақомоти судӣ ирсол гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






