«Алюминсохтмон»-ободгари иншооти муҳим

Январь 15, 2014 15:55

Турсунзода, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).-Аз таъсиси Корхонаи фаръии давлатии «Алюминсохтмон» панҷ сол сипарӣ гардид.Дар ин муддат аҳли кормандони корхонаи мазкур дар корҳои сохтмону ободонии ҳудуди корхонаи алюминбарорӣ, шаҳри Турсунзода ва манотиқи гуногуни мамлакат саҳми арзанда гузоштанд.Бунёди иншооти ниҳоят муҳими кашвар, аз қабили тармиму таҷдиди коргоҳҳои КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», осоишгоҳи овозадори «Гармчашма», бунёди пояи Парчами миллӣ дар пойтахт, сохтмони иншооти манзилию иҷтимоӣ дар шаҳрҳои Турсунзода ва Кӯлоб, корхонаи криолифи Ёвон, сехи гази синтезӣ ва даҳҳо иншооти дигар маҳз тавассути заҳмати пурсамари коргарону муҳандисони КВД «Алюминсохтмон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Январь 15, 2014 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш