Боздиди соҳибкорони Туркия аз Тоҷикистон
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 13 декабр раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим ва муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби ЧТ Султон Раҳимов ҳайати Конфедератсияи соҳибкорону саноатчиёни Туркияро ба ҳузур пазируфтанд.Мувофиқи хабари ВКХ ҶТ, ҳайати мазкур бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории байни ҳар ду кишвари дӯстро мавриди муҳокима қарор дода, перомуни рушди минбаъдаи ин ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд. Мусоҳибон ҳамчунин ба ҷиҳатҳои вазъи сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ва омӯзиши лоиҳаҳое, ки диққати тарафайнро ба худ ҷалб менамоянд, дахл карданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






