Дар Тоҷикистон КОА таъсис меёбад
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- «Имсол дар Тоҷикистон ташкили Комиссияи олии аттестатсионии худӣ дар назар аст, вале ин маънои аз Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия пурра кандани робитаҳоро надорад», — гуфт муовини аввали Вазири маорифи ҶТ Раҳматулло Мирбобоев.Мувофиқи суханони номбурда, Тоҷикистон ҳамкориашро бо Комиссияи олии аттестатсионии ФР қатъ карданӣ нест, зеро дар ҷумҳурӣ Комиссияи аттестатсионии худӣ таъсис ёбад ҳам, вале навиштаҷоти аспирантҳои кишварро Комиссияи олии аттестатсионии Русия баррасӣ менамояд.Раҳматулло Мирбобоев дар мавриди ихтисосҳое, ки аспирантҳо мавзӯи онҳоро дар Комиссияи олии аттестатсионии Тоҷикистон дифоъ мекунанд, зикр намуд, ки алҳол Вазорати маориф ин масъаларо якҷоя бо Академияи илмҳои ҶТ баррасӣ менамояд. «Дар шароити имрӯза ихтисосҳои зиёде мавҷуданд, ки дар Тоҷикистон мутахассисон аз рӯи онҳо тайёр карда намешаванд. Масалан, 70 ихтисоси мавриди зарурати иқтисодиёти кишвар дар донишкадаҳои олии Тоҷикистон таълим дода намешавад. Бинобар ин мо маҷбурем, ки донишҷӯёнамонро барои таҳсил ба донишкадаҳои олии Русия, Беларус, Украина ва кишварҳои хориҷи дур фиристем», — гуфт Раҳматулло Мирбобоев.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






